- 30.11.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Комментариев нет
Санаи 25 ноябри 2022 дар шаҳри Будапешт дар ҳошияи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 2-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ мулоқоти ҳайат бо Котиби давлатӣ оид ба масъалаҳои барномаҳои рушди Маҷористон Тристан Ажбей баргузор гардид.
Ҷонибҳо масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, инчунин роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро баррасӣ карданд.