- 30.11.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Комментариев нет
24 ноябри 2022 дар Будапешт дар ҳошияи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи 2-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Маҷористон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ (25 ноябри 2022) мулоқоти ҳайат бо роҳбарияти Эксимбонки Маҷористон баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистону Маҷористон, инчунин имкониятҳои тавсеаи робитаҳо бахусус тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо ҷалби маблағгузории Эксимбонки Маҷористонро мавриди баррасӣ қарор доданд.