- 22.06.2022
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Дар санаи 07.06.2022 сол намояндаи Барономаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид – мутахассиси калони рушди иқтисод дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Фирӯз Саидхоҷаев аз минтақа дидан намуданд. Намояндаи БРСММ ҳар сол як маротиба аз МОИ “Панҷ” дидан мекунанд, ва бо шароити кунунии минтақа ва субъектҳо шиносои пайдо менамояд.
Намояндаи БРСММ – мутахассиси калони рушди иқтисод муҳтарам Фирӯз Саидхоҷаев бо Маъмурияти МОИ “Панҷ” ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст, аз ҷумла: дар самти ҷалб намудани бештари сармоягузорон ба МОИ, таъмин намудан бо таҷҳизотҳои техникӣ, таъмин намудан бо насосҳои обкаши, таъмин намудан бо мизу курси ва дигар хизматрасониҳо. Намояндаи БРСММ қайд карда гузаштанд, ки минбаъд кушиш ба харҷ медиҳад, ки барои рушди Минтақа ёрии амалии худро мерасонад.