АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ

Низоми махсуси ҳуқуқии минтақаи озоди иқтисодӣ – маҷмуъи меъёрҳои ҳуқуқие, ки тартиби фаъолият кардан, шартҳои махсуси андозбандӣ ва муъомилоти асъорӣ, гумрукӣ, муносибатҳои меҳнатӣ ва ғайраро дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ муқаррар менамоянд;

Дар ҳудуди МОИ «Панҷ» қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодиро ба танзим медарорад, амал мекунад.

Муносибатҳое, ки бевосита бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба танзим дароварда нашудаанд, тибқи меъёрҳои қонунгузорие, ки ба моҳияти онҳо зид нестанд ва муносибатҳои монандро танзим менамоянд, амалӣ мегарданд.

Маъмурияти МОИ шахси ҳуқуқӣ буда, дар шакли ташкилию ҳуқуқӣ ҳамчун муассисаи давлатии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешавад. Маъмурияти МОИ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва Оиннома, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба МОИ тасдиқ мегардад, фаъолият менамояд.

 Маъмурияти МОИ дар фаъолияти худ аз рӯи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақахои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Низомномаи мазкур дар бораи МОИ, дигар санадхои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амал мекунад.

Фаъолияти МОИ “Панҷ” ба тариқи зайл ба танзим дароварда мешавад:

  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ”;
  • Низомномаи МОИ “Панҷ”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сармоягузорӣ”;
  • Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  • Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боби 51 – низоми андозбандии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
  • Кодекси гумрукӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Боби 32 – “минтақаҳои озоди иқтисодӣ”;
  • Шартномаи Киёто аз 14 майи соли 1973.