22 октябри соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ташриф овард.
Дар рафти сафар муҳтарам Вазир бо шароити фароҳамгардида барои фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаи ҶДММ «Пахтаи Шарқ» ва дигар иншооти дар ҳудуди минтақа бунёдшаванда аз наздик шинос гардид.
Ҳамчунин, ба рафти корҳои созандагиву ободонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Боздиди мазкур ба шиносоӣ бо раванди татбиқи лоиҳаҳои саноатӣ, вазъи корҳои сохтмонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» равона гардид.