Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» вохӯрии кории муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» муҳтарам Шамсиддинзода Воҳид Файзиддин бо соҳибкорон аз Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Шамсиддинзода Воҳид Файзиддин соҳибкорони эрониро бо фаъолияти МОИ «Панҷ», самтҳои асосии рушд, имкониятҳои сармоягузорӣ ва иқтидори истеҳсолии он шинос намуд.
Ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ, имтиёзҳои амалкунандаи андозию гумрукӣ, тартиби гирифтани мақоми субъекти МОИ, инчунин инфрасохтори мавҷуда ва имкониятҳои ҷойгир намудани корхонаҳои нави истеҳсолӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, самтҳои ояндадори рушди минтақа, имкониятҳои ташкили истеҳсолоти нав, таъсиси корхонаҳои муштарак ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки соҳибкорони эронӣ муаррифӣ гардиданд.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба дурнамои рушди ҳамкориҳои минбаъда, густариши ҳамкориҳои саноатӣ ва тавсеаи муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон табодули афкор намуданд.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» ҷиҳати таҳкими робитаҳои байналмилалии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва рушди иқтидори саноатии минтақа фаъолияти худро идома медиҳад.