МОИ «Панҷ» — дар қатори ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «ТОП–35 шарики боэътимоди сол – 2026»

0
565

14 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии «ТОП–35 шарики боэътимоди сол – 2026» баргузор гардид. Озмун аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.

Дар чорабинӣ Роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Каримзода Бузургмеҳр Карим иштирок намуд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмун МОИ «Панҷ» дар номинатсияи «Минтақаи озоди иқтисодӣ» ғолиб дониста шуда, бо Дипломи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Ҳамзамон, МОИ «Панҷ» ба Феҳристи ғайридавлатии шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарикони боэътимоди тиҷоратӣ мебошанд, шомил карда шуда, ба муассиса дар ин замина сертификати дахлдор супорида шуд.

Ба МОИ «Панҷ» инчунин ҳайкалчаи хотиравии озмуни «ТОП–35» тақдим гардид.

Ҷоизаҳои бадастомада нишонаи эътирофи фаъолияти МОИ «Панҷ» дар самти рушди иқтидори сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ мебошанд.

Чорабинии мазкур дар доираи тадбирҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *