22 июли соли 2026 Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо сафари корӣ аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» боздид намуд.
Дар ҷараёни боздид Вазир бо фаъолияти МОИ «Панҷ», имкониятҳои сармоягузорӣ, вазъи инфрасохтор ва нақшаҳои рушди минбаъдаи минтақа шинос гардид.
Ҳамзамон, Вазири рушди иқтисод ва савдо аз рафти корҳои сохтмонӣ дар корхонаҳои ҶДММ «Пахтаи Шарқ» ва ҶДММ «Умеди сабз» боздид намуда, бо ҷараёни амалисозии лоиҳаҳо ва корҳои сохтмонӣ аз наздик шинос шуд. Зимни боздид ба сифати корҳои иҷрошаванда, риояи муҳлатҳои сохтмон ва суръат бахшидани татбиқи лоиҳаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар фарҷоми боздид масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи МОИ «Панҷ», ҷалби сармоягузорӣ ва сари вақт ба истифода додани корхонаҳои бунёдшаванда мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба масъулин ҷиҳати суръат бахшидани корҳои сохтмонӣ ва татбиқи босамари лоиҳаҳо дастуру тавсияҳои дахлдор дода шуданд.