Вохӯрӣ бо намояндагони ширкатҳои туркмании «CONSUL» ва «Döwletli Döwran»

0
740445545_122107070973333578_6321788668463235413_n
Дар доираи Форуми дуюми байниҳукуматии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, вохӯрии кории Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Каримзода Бузургмеҳр Карим бо муассиси Ҷамъияти хоҷагидории «CONSUL» Қақаҷонов Шоҳрат ва намояндаи ширкати «Döwletli Döwran» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сапаров Давлат баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ роҳбари МОИ «Панҷ» меҳмононро бо иқтидори сармоягузории минтақа, имтиёзҳои амалкунандаи андозӣ ва гумрукӣ, бартариҳои мавқеи стратегии ҷуғрофии он, инчунин самтҳои афзалиятноки рушд ва имкониятҳои мавҷуда барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ шинос намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои ҷалби сармояи хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои саноатӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту логистика, инчунин тавсеаи робитаҳои соҳибкорӣ миёни доираҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони ҷониби Туркманистон инчунин фаъолияти ширкати «Döwletli Döwran»-ро муаррифӣ намуданд. Ширкати мазкур яке аз корхонаҳои муосири саноатии Туркманистон буда, ба истеҳсоли масолеҳи баландсифати сафолии сохтмонӣ, аз ҷумла хишти клинкерӣ, хишти рӯйпӯш, сафолакҳои сохтмонӣ, санги ороишӣ ва термоблокҳо тахассус дорад. Истеҳсолоти ширкат бо технологияҳои пешрафтаи аврупоӣ ва ҷопонӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти он ба стандартҳои байналмилалии сифат ҷавобгӯ мебошад ва ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар бозорҳои хориҷӣ пешниҳод мегардад.
Намояндагони ширкатҳои «CONSUL» ва «Döwletli Döwran» омодагии худро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои дарозмуддат бо МОИ «Панҷ» дар самтҳои ҷалби сармоягузорон, машварату ҳамроҳии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ташкили чорабиниҳои муштараки соҳибкорӣ, рушди ҳамкориҳои саноатӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштараки сармоягузорӣ иброз намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ байни Муассисаи давлатии «Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ва Ҷамъияти хоҷагидории «CONSUL» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, ки ба рушди ҳамкорӣ дар самти ҷалби сармоягузорӣ, муаррифии иқтидори сармоягузорӣ, ҳамроҳии лоиҳаҳои сармоягузорӣ, табодули иттилоот ва таҷриба, ташкили чорабиниҳои муштараки соҳибкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак равона гардидааст.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки ба имзо расидани Ёддошти тафоҳум марҳилаи муҳим дар рушди муносибатҳои шарикӣ гардида, барои татбиқи ташаббусҳои муштарак, таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон, инчунин ҷалби сармоягузории нав ба МОИ «Панҷ» заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *