18 июни соли 2026 Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Бузургмеҳр Каримзода дар Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026 иштирок намуд.
Дар ҳошияи намоишгоҳ бо намояндагони ширкатҳо ва ташкилотҳои ватанӣ ва хориҷӣ як қатор мулоқоту гуфтушунидҳои судманд баргузор гардида, масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар натиҷаи вохӯриҳои баргузоргардида се меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз ҷумла, байни Маъмурияти МОИ «Панҷ» ва Палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо ҷиҳати рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд.
Ҳамчунин, байни Маъмурияти МОИ «Панҷ» ва ширкати SEPID TAN PARNIYAN POUYESH CO. (CURED Medical)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шахси Директори иҷроияи ширкат ҷаноби Ҳамед Набавӣ (Hamed Nabavi) меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо ҷиҳати омӯзиши имкониятҳои татбиқи лоиҳаи истеҳсоли маҳсулоти ортопедӣ ва тиббӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» ба мувофиқа расиданд.
Илова бар ин, байни Маъмурияти МОИ «Панҷ» ва ширкати Rah Roshd International Co. Ltd дар шахси директори ширкат ҷаноби Муҳаммад Эмронӣ (Mohammad Emrani) меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои иқтисодию сармоягузорӣ ва баррасии татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар ҳудуди МОИ «Панҷ» изҳор намуданд.
Қобили зикр аст, ки Намоишгоҳи байналмилалии INTER HEALTH & BEAUTY TAJIKISTAN-2026 бо ташаббус ва ташкили Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар сатҳи баланди ташкилӣ доир карда шуд. Чорабинии мазкур барои ба роҳ мондани робитаҳои нави ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва ҷалби сармоягузорӣ байни намояндагони бахши давлатӣ ва хусусӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» ба Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани намоишгоҳи мазкур изҳори сипос намуда, чунин чорабиниҳоро воситаи муҳими рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва ҷалби сармоягузорӣ арзёбӣ менамояд.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» минбаъд низ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ, тавсеаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави истеҳсоливу инфрасохторӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.