Тақдими шаҳодатномаи субъекти МОИ «Панҷ» ба ҶДММ «Гурӯҳи саноатии Эрону Панҷ»

0
689485334_4286490421564960_4310659606265062517_n
5 майи соли 2026 дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» маросими тақдими шаҳодатномаи субъект баргузор гардид.
Шаҳодатномаи субъекти МОИ «Панҷ» ба ҶДММ «Гурӯҳи саноатии Эрону Панҷ», ки роҳбараш Абдуллозода Казем Махмуд — шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, тақдим гардид.
Ширкати мазкур фаъолияти худро дар самтҳои гуногуни истеҳсолӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба роҳ монда, аз ҷумла ба истеҳсоли равғанҳои растании истеъмолӣ ва косметикӣ (зағир, кунҷит, сиёҳдона, бодом ва ғайра), истеҳсоли равғани пумбадона (пахта), истеҳсоли маҳсулоти хӯрока аз помидор (шарбат, томат ва ғайра), коркарди меваҷот ва сабзавоти гуногун, инчунин истеҳсоли дастгоҳҳои хурду миёна барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи хӯрока машғул хоҳад шуд.
Қайд гардид, ки сармоягузории мазкур аз ҷониби соҳибкори Ҷумҳурии Исломии Эрон амалӣ гардида, фаъолияти ширкат ба рушди иқтидори саноатӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва тақвияти содирот мусоидат хоҳад кард.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» изҳори омодагӣ намуд, ки минбаъд низ ба сармоягузорон ва субъектҳои минтақа дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ дастгирии ҳамаҷониба мерасонад.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *