Иштироки роҳбари МОИ «Панҷ» дар форум ва чорабиниҳои соҳибкорӣ дар шаҳри Қазон

0
701636452_4300823633464972_306121694527515959_n
Роҳбари Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар форуми байналмилалии иқтисодии Russia — Islamic World: KazanForum, ки дар шаҳри Қазон баргузор гардид, иштирок намуд. Форум яке аз майдонҳои муҳими байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармоя, рушди савдо ва таҳкими робитаҳои тиҷоратии байни давлатҳо ба ҳисоб меравад.
Дар доираи форум вохӯриву музокирот бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, доираҳои соҳибкорӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баргузор гардида, масъалаҳои ҷалби сармоя, тавсеаи ҳамкорӣ ва муаррифии иқтидори сармоягузории МОИ «Панҷ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни сафар таваҷҷуҳи махсус ба шиносоӣ бо моделҳои муосири рушди иқтисоди инноватсионӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ зоҳир гардид. Ҳайат аз шаҳри Иннополис — маркази технологияҳои муосир ва инноватсионӣ боздид намуда, бо инфрасохтори барои ширкатҳои IT пешбинишуда, лоиҳаҳои таълимӣ ва рақамӣ, инчунин механизмҳои дастгирии соҳибкории инноватсионӣ шинос гардид.
Дар рафти боздид равишҳои муосири рушди кластерҳои технологӣ, иқтисоди рақамӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос муаррифӣ шуданд. Ҳамзамон, бо фаъолияти мактаби технологияҳои рақамии «Школа 21» ва воситаҳои амалии омодасозии мутахассисон барои соҳаҳои баландтехнологӣ шиносоӣ сурат гирифт.
Ҳамчунин таҷрибаи фаъолияти минтақаи махсуси иқтисодии Иннополис, аз ҷумла механизмҳои ҷалби резидентҳо, фароҳамсозии муҳити мусоиди сармоягузорӣ ва рушди экосистемаи инноватсионӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.
Дар доираи сафар аз ҷониби роҳбари МОИ «Панҷ» бо намояндагии минтақавии МСП «Новая формация» дар Ҷумҳурии Мордовия ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Ҳуҷҷати мазкур ба таҳкими муносибатҳои шарикӣ, рушди робитаҳои соҳибкорӣ ва фароҳам овардани замина барои татбиқи ташаббусҳо ва лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ равона гардидааст.
Иштирок дар форуми байналмилалӣ ва чорабиниҳои соҳибкорӣ дар Қазон, инчунин боздид аз Иннополис, марҳилаи муҳим дар густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам гардид, ки метавонад барои рушди минбаъдаи МИМ «Панҷ» истифода шавад.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *