01 майи соли 2026 ба Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ, бо сафари корӣ ташриф оварданд.
Дар ҷараёни ташриф оид ба фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ», имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳои барои сармоягузорон пешниҳодшаванда ва самтҳои афзалиятноки рушди он маълумоти муфассал пешниҳод гардид. Ҳамзамон, ба масъалаҳои ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, рушди ҳамкории саноатӣ ва афзоиши иқтидори содиротӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Дар доираи ташриф аз корхонаҳои амалкунанда ва сохтмоншаванда боздид анҷом дода шуд. Аз ҷумла, корхонаи коркарди нафт мавриди боздид қарор гирифта, иқтидорҳои мавҷуда ва дурнамои рушди минбаъдаи он муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин, бо фаъолияти ҶДММ «Умеди Сабз» шиносоӣ сурат гирифта, зикр гардид, ки дар ҳудуди он сохтмони корхонаи истеҳсолӣ идома дорад.
Таваҷҷуҳи хос ба ҶДММ «Пахтаи Шарқ» зоҳир гардид, ки дар он лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба коркарди пахта ва таъсиси фабрикаи ресандагӣ амалӣ шуда истодааст. Лоиҳаи мазкур заминаи рушди кластери нассоҷиро фароҳам оварда, ба истеҳсоли маҳсулот бо сатҳи баланди коркард ва густариши имкониятҳои содиротии кишвар мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни ташриф марҳилаҳои татбиқи лоиҳаҳо, раванди корҳои сохтмонӣ, нишондиҳандаҳои пешбинишудаи истеҳсолӣ ва саҳми онҳо дар саноатикунонии минтақа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми ташриф муҳтарам Раҳмонализода Фарҳодшоҳ Раҳмоналӣ сатҳи рушди Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-ро баланд арзёбӣ намуда, нақши муҳими онро дар рушди саноат, ҷалби сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ таъкид намуд.
Дар фарҷоми ташриф Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маъмурияти МОИ «Панҷ» барои саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёти кишвар ва ҳамкории босамар бо Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуд.