Мулоқот бо намояндагони ширкати чинии Zhejiang Huafu Medical Equipment Co., Ltd.

0
705745391_122099373651333578_2825204247121601606_n
Дар МОИ «Панҷ» мулоқоти роҳбари МОИ «Панч» Каримзода Бузургмеҳр Карим бо раиси ширкати чинии Zhejiang Huafu Medical Equipment Co., Ltd. Вэйвэн Ван (Weiwen Wang), инчунин бо иштироки директори ҶДММ «Сифат Фарма» Ҷамшед Ҳамидов баргузор гардид.
Зимни мулоқот намояндагони ширкати чинӣ оид ба фаъолияти худ ва иқтидори истеҳсолии корхона маълумот пешниҳод намуданд. Ширкати Zhejiang Huafu Medical Equipment Co., Ltd., ки соли 1983 таъсис ёфтааст, ба истеҳсоли таҷҳизот ва масолеҳи тиббӣ, инчунин воситаҳои ҳифзи шахсӣ тахассус дошта, соҳиби сертификатҳои байналмилалии сифат FDA, ISO13485 ва CE мебошад. Маҳсулоти ширкат ба зиёда аз 30 кишвари ҷаҳон содирот карда мешавад.
Дар ҷараёни мулоқот таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» равона гардид. Раиси ширкат Ван Вэйвэн аз нақшаи таъсиси сехи истеҳсолии маҳсулоти тиббӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ намуд.
Ҷонибҳо афзалиятҳои сармоягузории МОИ «Панҷ», шароити пешбурди фаъолият, масъалаҳои таъмини инфрасохтори муҳандисию техникӣ, инчунин дурнамои маҳаллисозии истеҳсолот ва рушди соҳаи фармасевтиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мулоқот мувофиқа ҳосил гардид, ки ҳамкорӣ идома ёфта, масъалаи ба имзо расонидани созишномаи сеҷонибаи ҳамкорӣ байни МОИ «Панҷ», ҶДММ «Сифат Фарма» ва ширкати Zhejiang Huafu Medical Equipment Co., Ltd. ҷиҳати татбиқи лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ оид ба таъсиси сехи истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» мавриди омӯзиш ва баррасии минбаъда қарор дода шавад.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *