Санаи 17 апрели соли 2026 дар бинои Муассисаи давлатии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» таҳти раёсати Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ – муовини Раиси Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯро бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҳисоботи котиби масъули Шӯрои нозирони минтақаҳои озоди иқтисодӣ вобаста ба иҷрои қарорҳои ҷаласаи қаблии Шӯрои нозирон ва ҳисоботи роҳбарони маъмуриятҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Суғд», «Данғара», «Кӯлоб», «Панҷ» ва «Ишкошим» оид ба фаъолияти ин минтақаҳо дар соли 2025 ва семоҳаи якуми соли 2026 шунида шуда, лоиҳаи «Низоми равзанаи ягона барои хизматрасонии субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ» муаррифӣ гардид.
Абдураҳмонзода А. С. таъкид намуд, ки минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротӣ, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ, таъмини ҷойҳои корӣ, истифодаи техника ва технологияи нав ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ таъсис дода шудаанд.
Дар ҷаласаи Шӯро намояндагони вазорату идораҳои кишвар оид ба рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳои худро баён намуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.