Санаи 16.06.2026 дар намояндагии Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар шаҳри Душанбе вохӯрии роҳбарияти МОИ «Панҷ» бо ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Ҳайати меҳмонон аз намояндагони вазоратҳои дахлдори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва доираҳои соҳибкории кишвар иборат буд. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва роҳҳои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни вохӯрӣ ба намояндагони ҷониби Эрон оид ба имкониятҳо ва афзалиятҳои сармоягузорӣ дар МОИ «Панҷ», имтиёзҳои мавҷуда ва шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда, аҳаммияти рушди робитаҳои иқтисодии Тоҷикистону Эронро таъкид карданд.