Тақдими шаҳодатномаи субъекти МОИ «Панҷ» ба ҶДММ «Пахтаи Шарқ»
Санаи 1 апрели соли 2026 ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пахтаи Шарқ» шаҳодатномаи субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» тақдим гардид.
Қайд намудани субъекти нав боз як қадами муҳим дар самти татбиқи сиёсати давлатии саноатикунонии босуръат ва рушди иқтидори истеҳсолии кишвар ба ҳисоб меравад. Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ҳамчун платформаи муҳими ҷалби сармояи хориҷӣ ва рушди истеҳсолоти содиротӣ, барои татбиқи чунин лоиҳаҳои бузурги саноатӣ шароити мусоид фароҳам меорад.ҶДММ «Пахтаи Шарқ» бо иштироки муассис — ҶДММ «Иттиҳодияи аграрии Водии Заррин» ва сармоягузорони хориҷиву ватанӣ таъсис дода шудааст.Самти асосии фаъолияти ширкат ба коркард ва истеҳсоли маҳсулоти пахтагӣ равона гардида, дар доираи лоиҳа бунёди корхонаи коркарди пахта ва фабрикаи ресандагӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» (ноҳияи Ҷайҳун, вилояти Хатлон) пешбинӣ шудааст. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ дар доираи лоиҳа 17 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Иқтидори истеҳсолии корхона имкон медиҳад, ки дар як мавсим то 25 000 тонна ашёи хоми пахта коркард гардида, ҳамзамон то 22 000 тонна нахи пахта барои истеҳсоли ресмон омода карда шавад.
Барои татбиқи лоиҳа ҷудо намудани қитъаи замин дар масоҳати тахминан 30–40 гектар ба нақша гирифта шудааст. Дар марҳилаи сохтмон то 200 ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Пас аз ба истифода додани корхона, дар корхонаи коркарди пахта 60 нафар ва дар фабрикаи ресандагӣ то 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.Татбиқи лоиҳаи мазкур бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди саноати коркард, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани арзиши иловашудаи маҳсулоти ватанӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар мусоидат хоҳад кард.Маъмурияти МОИ «Панҷ» ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи сармоягузорон ва фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, чунин ташаббусҳоро ҳамчун омили муҳими рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ менамояд.Айни замон лоиҳа дар марҳилаи сохтмон қарор дорад.

English
Русский