Субъект шудан

Соҳибкорони инфиродӣ ва ташкилотҳо, инчунин намояндагиҳои онҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон, ки қонунгузории ҶТ пешбинӣ намудааст метавонанд субъекти МОИ «Панҷ» шаванд, агар:

  1. Ба қайд гирифтани шахси ҳуқуқӣ дар нозироти андози н.Ҷайҳун
  2. Ариза ба Маъмурияти МОИ “Панҷ”
  3. Пешниҳод намудани бизнес-нақша
  4. Дастрас намудани Шаҳодатномаи субъекти МОИ
  5. Бастани шартномаҳо бо МОИ

 

Арзиши шаҳодатнома барои ҳар гуна намуди фаъолият новобаста ба ҳаҷми истеҳсолот ва муомилоти мол, 5 ҳазор доллари ИМА мебошад.

Шаҳодатномаҳои қайди субъекти МОИ “Панҷ” ба муҳлатҳои зерин дода мешаванд:

шаҳодатнома барои фаъолияти истеҳсолӣ – ба муҳлати то 25 сол

шаҳодатнома барои фаъолияти тиҷоратӣ – ба муҳлати то 10 сол

шаҳодатнома барои фаъолияти хизматрасонӣ – ба муҳлати то 10 сол

 

Бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин таҳия гардида, ба ин талаботҳо ҷавобгӯ бошад:

  • ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти истеҳсолӣ бояд зиёда аз 300 ҳазор доллари ИМА бошад;
  • ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти воридотӣ-содиротӣ на кам аз 50 ҳазор доллари ИМА;
  • ҳаҷми сармоягузорӣ барои фаъолияти хизматрасонӣ на кам аз 10 ҳазор доллари ИМА;
  • мӯҳлати барориши таҷҳизоти истеҳсолӣ на бояд аз 3 сол зиёд бошад;
  • оғози фаъолият на дертар аз 2 сол баъд аз гузаштани қайди давлатӣ.