Асосҳои ҳуқуқӣ

Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардида, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда танзим карда мешавад. Заминаи ҳуқуқии фаъолияти минтақа тартиби таъсис ва фаъолияти он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳо, шарту шароити татбиқи имтиёзҳои пешбинигардида, инчунин механизми идоракунӣ ва назорати давлатиро муайян менамояд.

Танзими ҳуқуқии фаъолияти минтақа дар асоси санадҳои зерин амалӣ карда мешавад:

Санадҳои мазкур муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба фаъолияти субъектҳои минтақа, татбиқи имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ, тартиби воридот ва содироти молу маҳсулот, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти соҳибкорӣ дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодиро ба таври муфассал ба танзим медароранд.