Боздиди ҳайати соҳибкорони хориҷӣ аз МОИ “Панҷ”
Рӯзи гузашта ҳайати соҳибкорон ва сармоягузорон аз кишварҳои хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ташриф оварданд. Меҳмонон бо рафти корҳо, шароити ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ шинос шуданд. Зимни мулоқот бо роҳбарияти МОИ масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак ва логистикаи ҳамлу нақли мол баррасӣ гардид. Интизор меравад, ки дар натиҷаи ин боздид шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расанд.