Субъекти МОИ «Панҷ» дар маросими ифтитоҳи лоиҳаи бузурги энергетикӣ дар шаҳри Кобул иштирок намуд
Директори ҶДММ «Умеди Сабз» — субъекти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» — Муҳаммад Муҳсин Амирӣ, ки ҳамзамон вазифаи Раиси паркҳои саноати сабзи шаҳри Кобулро низ бар уҳда дорад, дар маросими тантанавии ифтитоҳи неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 34 МВт, зеристгоҳи барқӣ бо иқтидори 126 МВА ва хатти интиқоли барқи 220 кВ иштирок намуд.
Маросими мазкур бо иштироки роҳбарони сохторҳои давлатӣ, намояндагони бахши энергетика, саноатчиён ва соҳибкорон баргузор гардид. Татбиқи ин лоиҳа ба таъмини устувор ва мунтазами нерӯи барқ барои корхонаҳои саноатии парк, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди сармоягузорӣ равона шудааст.
Иштироки ҶДММ «Умеди Сабз» — ҳамчун субъекти МОИ «Панҷ» — ва нақши роҳбарии Муҳаммад Муҳсин Амирӣ дар рушди паркҳои саноати сабз, нишондиҳандаи саҳми фаъолонаи резидентҳои минтақа дар пешбурди энергетикаи сабз, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» пайваста ташаббусҳои субъектҳои худро дар самти рушди саноат, инфрасохтори энергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои аз ҷиҳати экологӣ устувор дастгирӣ намуда, барои тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя шароити мусоид фароҳам меорад.

