Рушди инфрасохтори муосир дар ҳудуди минтақа
Барои фаъолияти босамари корхонаҳои истеҳсолӣ, дар МОИ “Панҷ” корҳои сохтмонӣ ва навсозии инфрасохтор босуръат идома доранд. Айни замон таъмини хатҳои нави барқ, обтаъминкунӣ ва роҳҳои дохилӣ дар мадди аввали нақшаҳои маъмурият қарор дорад. Ҳадафи асосӣ — фароҳам овардани шароити “Plug & Play” барои сармоягузорон аст, то онҳо тавонанд бе мушкилоти коммуналӣ фавран ба насби таҷҳизот ва истеҳсоли маҳсулот шурӯъ намояд.