Дар МОИ «Панҷ» маросими тақдими шаҳодатномаи бақайдгирӣ ба ҶДММ «Ширкати саноатӣ, тавлидӣ ва тиҷоратии Мухтор Ёсар» баргузор гардид.
Ширкати мазкур бо иштироки сармоягузор аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон — Аҳмадуллоҳ Муҳаммадӣ таъсис ёфта, ба сифати субъекти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба қайд гирифта шуд. Ба роҳбарияти ширкат шаҳодатномаи бақайдгирии субъекти МОИ «Панҷ» дар фазои тантанавӣ супорида гардид.
Тибқи лоиҳаи пешниҳодгардида, дар ҳудуди МОИ «Панҷ» бо ҳаҷми умумии сармоя зиёда аз 500 ҳазор доллари ИМА корхонаи истеҳсолӣ таъсис дода мешавад. Самтҳои асосии фаъолияти ширкат истеҳсоли маводи шустушӯйӣ, инчунин истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо мебошанд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур ба рушди иқтидори саноатӣ ва истеҳсолии минтақа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мусоидат менамояд.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон дар минтақа фаъолияти худро пайгирона идома медиҳад.