Имтиёзҳо дар андозбандӣ
Дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» низоми махсуси андозбандӣ амал менамояд, ки озодкунии пурраи субъектҳоро аз пардохти ҳамаи намудҳои андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият, ба истиснои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ пешбинӣ менамояд.
Субъектҳои МОИ «Панҷ» вазифаи агентҳои андозиро ҷиҳати нигоҳ доштан ва ба буҷети давлатӣ пардохт намудани андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 20 фоиз аз фонди музди меҳнат ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ дар ҳаҷми 12 фоиз нисбати кормандони худ иҷро менамоянд.
Чунин низоми андозбандӣ барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, коҳиш додани хароҷоти амалиётӣ ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.