Қабули ҳайати роҳбарияти соҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон дар МОИ «Панҷ»

0
637489989_4213610192186317_8924506066594538228_n

16.02.2026 сол роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар ҳудуди минтақа гурӯҳи калони роҳиоҳанчиёни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»-ро таҳти роҳбарии сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Мирзоализода Комил Ҷумахон ва Раиси раёсати ширкати «Казахстан темир жолы» Талғат Алдибергенов — қабул намуд.

Дар айни замон, Роҳи оҳани Қазоқистон дар татбиқи лоиҳаи сохтмони хати роҳи оҳани Афғонистон–Покистон иштироки фаъол дошта, ҳам маблағгузорӣ ва ҳам дар раванди сохтмони он саҳм мегузорад.

Дар назар аст, ки роҳи оҳани мазкур бо роҳи оҳани Тоҷикистон дар минтақаи Панҷи Поён пайваст мегардад, ки ин имконият фароҳам меорад хати роҳи оҳани Афғонистон–Покистон бо тамоми роҳҳои оҳани мамлакатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Аврупои Шарқӣ, Финландия, Хитой ва Муғулистон пайваст шавад. Амалишавии ин лоиҳа ба даҳҳо маротиба афзоиш ёфтани ҳаҷми боркашонӣ ба ин мамлакатҳо тавассути Роҳи оҳани Тоҷикистон мусоидат намуда, Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои муҳими транзитӣ табдил хоҳад дод.

Роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» Б. Каримзода меҳмононро бо мавқеи ҷойгиршавӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ ва шароити фаъолият дар МОИ «Панҷ» шинос намуда, зикр кард, ки дар доираи амалисозии лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи оҳани «Балхӣ–Панҷи Поён» дар ҳудуди МОИ «Панҷ» терминали боркунию борфарории роҳи оҳан бунёд карда мешавад, ки барои рушди боркашонӣ тавассути роҳи оҳан имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.

Ҳамзамон, роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» соҳибкорони қазоқро барои роҳандозии фаъолият дар МОИ «Панҷ» даъват намуд.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *