Вохӯрии Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо Директори ширкати навтаъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи рушди байналмилалӣ» — Имронӣ Муҳаммад Муҳаммадқосим
11 феврали соли 2026 вохӯрии Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо Директори ширкати навтаъсиси Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи рушди байналмилалӣ» — Имронӣ Муҳаммад Муҳаммадқосим, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Эрон ва яке аз асосгузорони муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Эрон баргузор гардид.
Қайд гардид, ки самти асосии фаъолияти ҶДММ «Роҳи рушди байналмилалӣ» аз муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби соҳибкорону сармоягузорони эронӣ барои фаъолият дар кишвар, ташкили намоишгоҳҳои иқтисодии молу маҳсулоти ширкатҳои эронӣ дар ҷумҳурӣ, инчунин пешниҳоди хизматрасониҳои рекламавию машваратӣ иборат мебошад.
Зимни вохӯрӣ Роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» Б. Каримзода меҳмонро бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имкониятҳо ва талаботи сармоягузорӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» шинос намуд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки Имронӣ М.М. дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дафтари корӣ ифтитоҳ намуда, имкониятҳои сармоягузорӣ ва фаъолият дар МОИ «Панҷ»-ро муаррифӣ ва ташвиқ менамояд, инчунин ҷиҳати ҷалби соҳибкорону сармоягузорони эронӣ ба фаъолияти иқтисодӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» мусоидат хоҳад кард.
Изҳори умедворӣ карда шуд, ки ҳамкории минбаъдаи ҷонибҳо густариш ёфта, ба таҳким ва рушди муносибатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон таъсири мусбат мерасонад.

