Вохӯрии роҳбарияти МОИ «Панҷ» бо намояндагони ширкати «YOOSHIN» оид ба лоиҳаи роҳи оҳани «Балхӣ – Панҷи Поён»
Рӯзи 04 феврали соли 2026 вохӯрии роҳбарияти Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо намояндагони ширкати кореягии «YOOSHIN» баргузор гардид. Ширкати мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти масъули Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва Кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷумҳурӣ, ба таҳияи асосноккунии техникӣ-иқтисодии қитъаи роҳи оҳани «Балхӣ – Панҷи Поён» машғул мебошад.
Қайд намудан ба маврид аст, ки ин вохӯрӣ бо гурӯҳи мазкур маротибаи сеюм баргузор мегардад. Тавре ки аз лоиҳаи пешниҳодшуда бармеояд, пешниҳоди роҳбарияти Маъмурияти минтақа оид ба бунёди истгоҳи боркунию борфарории роҳи оҳан дар ҳудуди МОИ «Панҷ» пурра ба инобат гирифта шудааст.
Бунёди истгоҳи боркунию борфарории роҳи оҳан, ки бо хатти роҳи оҳани қитъаи «Балхӣ – Панҷи Поён» пайваст хоҳад шуд, имконият фароҳам меорад, ки ҳудуди минтақа бо кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Муғулистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой мустақиман пайваст гардад. Ҳамзамон, ин инфрасохтор имкон медиҳад, ки минтақа ба яке аз марказҳои бузурги логистикӣ табдил ёфта, робитаи нақлиётии кишварҳои зикршуда бо Афғонистон, Покистон, Эрон ва Ҳиндустон таъмин карда шавад. Илова бар ин, бунёди маркази логистикӣ ва истгоҳи боркунию борфарорӣ ҳамчун ҷузъи муҳими рушди инфрасохтори минтақа ба рушди иқтисодии он такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Тавре ки зикр гардид, пешниҳоди роҳбарияти минтақа дар лоиҳаи мазкур пурра ба назар гирифта шуда, баъзе ҷузъиёти он дар ҷараёни вохӯрӣ аниқ ва дақиқ карда шуданд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони ширкати «YOOSHIN» ба саволҳои худ вобаста ба амалисозии лоиҳа ҷавобҳои муфассал дарёфт намуданд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ», муҳтарам Каримзода Бузургмеҳр, таъкид намуданд, ки Маъмурияти минтақа дар ҳалли тамоми масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳа бо ширкати «YOOSHIN» ва мақомоти масъули ҷумҳурӣ ҳамкории зич ва ҳамаҷониба ба роҳ хоҳад монд.
Дар анҷом тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро ҷиҳати саривақт ва босифат анҷом додани асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа идома медиҳанд.





