Мулоқоти роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» бо сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон
14 январи соли 2026 мулоқоти кории роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо ду сармоягузор аз Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид.
Дар ҷараёни мулоқот ҷониби эронӣ ҳавасмандии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таъсиси корхонаи истеҳсоли арматураи сохтмонӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ» иброз намуд.
Зимни музокирот масъалаҳои вобаста ба ҷойгиркунии иншооти истеҳсолӣ дар ҳудуди МОИ «Панҷ», таъмини инфрасохтори зарурии муҳандисӣ, шарту имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин марҳилаҳои татбиқи лоиҳа ва дурнамои ҳамкории минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари Маъмурияти МОИ «Панҷ» сармоягузоронро бо мақоми ҳуқуқии минтақа, иқтидори сармоягузорӣ, субъектҳои амалкунанда ва афзалиятҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи МОИ шинос намуд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии мутақобилаи худро ҷиҳати идомаи музокирот ва таҳияи муфассали лоиҳа бо мақсади татбиқи минбаъдаи он изҳор доштанд.


