Мулоқоти кории роҳбарияти Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо намояндагони ширкатҳои сармоягузории Ҷумҳурии Мардумии Чин
Дар ҷараёни мулоқот ҷониби чинӣ омодагии худро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ оид ба таъсиси корхонаи истеҳсолии маҳсулоти тиббӣ, аз ҷумла сӯзандоруҳои яккарата, низомҳои инфузионӣ (қатрагирҳо), либосҳои тиббӣ ва дигар маҳсулоти тиббӣ иброз намуд.
Зимни музокирот масъалаҳои вобаста ба имконияти ҷойгиркунии истеҳсолот дар ҳудуди МОИ «Панҷ», таъмини инфрасохтори зарурии муҳандисӣ, шарту имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ, инчунин марҳилаҳои татбиқи лоиҳа ва дурнамои ҳамкории минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбарияти Маъмурияти МОИ «Панҷ» намояндагони ширкатҳои чинро бо мақоми ҳуқуқии минтақа, иқтидори сармоягузорӣ, субъектҳои амалкунанда ва афзалиятҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи МОИ шинос намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии мутақобилаи худро ҷиҳати идомаи музокирот ва таҳияи муфассали лоиҳа бо мақсади татбиқи минбаъдаи он изҳор доштанд.


