Боздиди кории Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, аз Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

0
613697619_1300616998769830_6207047001156231319_n

Мақсади асосии боздид шиносоӣ бо шароити фаъолияти Минтақа, сатҳи рушди инфрасохтор, фаъолияти субъектҳои минтақа, инчунин мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони дар ҳудуди Минтақа фаъолияткунанда ва муайян намудани роҳҳои ҷалби бештари сармоягузорӣ, ҳамзамон омӯзиши шароити кории кормандони Маъмурияти Минтақа буд.

Қобили зикр аст, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар даромадгоҳи Минтақа муҳтарам Вазир ва ҳайати ҳамроҳашонро Роҳбари Маъмурияти Минтақа Каримзода Б.Қ. ва дигар масъулони Маъмурият истиқбол намуданд. Зимни мулоқот Каримзода Б.Қ. муҳтарам Вазир ва намояндагони Вазоратро бо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди Минтақа шинос карданд.

Дар ҷараёни боздид меҳмонон аз корхонаи истеҳсоли маводҳои шустушӯии ҶДММ «Фон-Дарё» – корхонаи истеҳсоли маҳсулоти сӯзишворӣ, ҶДММ «Хайрхоҳ тамаддун» – Корхонаи истеҳсоли маводҳои шустушӯӣ ва инчунин корхонаи сохташавандаи ҶДММ «Умеди сабз», ки тибқи нақша моҳи марти соли равон ба истеҳсоли нӯшобаҳо ва маҳсулоти кондитерӣ оғоз менамояд, дидан намуда, бо фаъолияти онҳо аз наздик шинос гардиданд.

Муҳтарам Абдураҳмонзода А.С. ҳамчунин бо шароити кории кормандони Маъмурияти Минтақа шинос шуда, изҳор доштанд, ки ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти моддиву техникӣ, аз ҷумла бо компютерҳо ва дигар воситаҳои муосири корӣ, ба Маъмурият мусоидат хоҳанд намуд.

Дар навбати худ, роҳбарияти Маъмурияти Минтақа муҳтарам Вазирро итминон доданд, ки минбаъд низ фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 декабри соли 2025 ироа гардидаанд, бо масъулияти баланд иҷро намуда, дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *