Иштироки роҳбари Маъмурият дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Dushanbe Invest – 2025”

0
565117006_4097643397116331_6121028796789326346_n

14 октябри соли 2025 Роҳбари Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” Каримзода Бузургмеҳр Карим дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ “Dushanbe Invest – 2025” иштирок намуд.

Дар кори Форум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва густариши ҳамкориҳои минтақавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.

Иштироки фаъолонаи соҳибкорон ва сармоягузорони даҳҳо кишварҳои хориҷӣ, ки бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони ҷумҳурӣ иртибот ва ҳамкории мутақобилан судманд барқарор кардан мехоҳанд, ба форуми мазкур фазои идонаву созанда бахшид.

Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” бо як қатор соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷӣ, инчунин бо намояндагони ширкатҳои дохилию хориҷӣ мулоқоту гуфтушунидҳои судманд баргузор намуда, онҳоро барои ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҳудуди Минтақа даъват намуд.

Дар ҷараёни Форум, Каримзода Бузургмеҳр бо намояндаи Созмони умумиҷаҳонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ (World Free Zones Organization) дар Осиёи Марказӣ, ки иттиҳодияи ғайритиҷоратии байналмилалӣ буда, соли 2014 дар шаҳри Дубай таъсис ёфтааст, Ёддошти ҳусни тафоҳум (Меморандум) ба имзо расонид.

Мақсади асосии имзои Ёддошт — ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд миёни МОИ “Панҷ” ва ин созмони бонуфузи байналмилалӣ мебошад. Иттиҳодия зиёда аз 600 минтақаи озоди иқтисодиро аз 130 давлати ҷаҳон муттаҳид менамояд ва ҳадафи он дастгирӣ ва ҳимояи манфиатҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодии ҷаҳонӣ аст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамкорӣ бо ин созмони ҷаҳонӣ ба фаъолияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” таъсири мусбати иқтисодӣ расонида, ба ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои нави инфрасохторӣ мусоидат хоҳад кард.

Гузаронидани чунин форумҳо ва нишастҳои иқтисодӣ барои дарёфти шарикони нави сармоягузорӣ, мубодилаи таҷрибаи идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионии рушд аҳамияти хосса доранд.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *