Ташрифи ҳайати Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

0
558393030_4087170381496966_8906965627145352563_n

Рӯзи 30 сентябри соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон, муҳтарам Мухаммад Саид Сарвар, ва ҳайати ҳамроҳонаш таҳти роҳбарии Муовини Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ташриф оварданд. Ин сафар дар доираи густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни ду кишвари дӯсту бародар баргузор гардид.

Ҳайати меҳмонон, ки аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони расмӣ иборат буданд, аз ҳудуди МОИ “Панҷ” боздид намуда, бо имкониятҳои сармоягузорӣ, инфрасохтори мавҷуда ва лоиҳаҳои афзалиятноки минтақа шинос шуданд.

Ҳайатро Роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Б. Каримзода ва дигар намояндагони Маъмурият ҳамроҳӣ намуда, дар ҷараёни мулоқот зарурати густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, барқарорсозии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни минтақаҳои иқтисодии ҳарду кишвар ва роҳҳои ҷалби сармоягузорон ба минтақа таъкид гардид.

Б. Каримзода меҳмононро бо фаъолияти минтақа ва имтиёзҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сармоягузорон ошно намуда, зикр кард, ки Маъмурият омода аст барои ҳамкориҳои судманд бо соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамаҷониба мусоидат намояд. Аз ҷумла, дар самти бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, гирифтани иҷозатномаҳо аз мақомоти дахлдори кишвар ва пешниҳоди раводид барои мутахассисони хориҷӣ.

Дар анҷоми боздид, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодӣ изҳор доштанд.

About The Author

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *