Энергияи тоза ва дастрас — кафолати рақобатпазирии маҳсулоти шумо
Дар ҷаҳони имрӯза истеҳсолоти “сабз” ба яке аз талаботҳои асосии бозори ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар ин самт ба сармоягузорон бартарии беназир пешниҳод мекунад — дастрасӣ ба неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва нисбатан арзон.
Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва ин ба корхонаҳои саноатии МОИ “Панҷ” имкон медиҳад, ки хароҷоти истеҳсолиро (себестоимость) коҳиш диҳанд. Истифодаи энергияи “сабз” на танҳо ба ҳифзи муҳити зист мусоидат мекунад, балки ба маҳсулоти шумо имкон медиҳад, ки ба стандартҳои байналмилалии экологӣ ҷавобгӯ бошад ва дар бозорҳои Аврупо ва Осиё харидори бештар пайдо кунад.