Имкониятҳои васеъ барои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ
Бо назардошти иқлими гарми вилояти Хатлон ва фаровонии меваю сабзавот, МОИ “Панҷ” макони беҳтарин барои бунёди корхонаҳои консервабарорӣ ва хушккунии мева мебошад. Субъектҳои минтақа имкон доранд, ки маҳсулоти тару тозаро мустақиман аз деҳқонони ноҳияҳои атроф харидорӣ намуда, онро коркард ва бо бренди “Made in Tajikistan” содир намоянд. Ин самт яке аз афзалиятноктарин бахшҳо барои сармоягузорон ба ҳисоб меравад.