Чаро сармоягузорон МОИ “Панҷ”-ро интихоб мекунанд?
Фаъолият дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба соҳибкорон имтиёзҳои вежаи андозӣ ва гумрукиро пешниҳод мекунад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои МОИ аз пардохти қисми зиёди андозҳо озод мебошанд. Инчунин, воридоти таҷҳизоти технологӣ ва ашёи хом барои истеҳсолот дар ҳудуди минтақа бо тартиби соддакардашудаи гумрукӣ сурат мегирад. Ин тадбирҳо арзиши аслии маҳсулотро коҳиш дода, рақобатпазирии онро дар бозори михиливу хориҷӣ баланд мебардоранд.