Ифтитоҳи корхонаҳои нави истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ
Дар ҳудуди МОИ “Панҷ” таваҷҷуҳи хоса ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ дода мешавад. Якчанд субъектҳои нав ба қайд гирифта шудаанд, ки нақша доранд истеҳсоли семент, хишт ва қубурҳои пластикиро ба роҳ монанд. Ин иқдом на танҳо талаботи дохилии ноҳияи Ҷайҳун ва вилояти Хатлонро қонеъ мекунад, балки имкони содироти маҳсулоти баландсифатро ба хориҷи кишвар низ фароҳам меорад.