Қабули дархостҳо барои гирифтани мақоми субъекти МОИ
Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” ба диққати соҳибкорон ва ширкатҳои ҳавасманд мерасонад, ки қабули лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома дорад. Барои гирифтани мақоми субъекти МОИ, довталабон бояд нақшаи тиҷоратӣ (бизнес-план) ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд. Мо омодаем ба шумо дар таҳия ва амалисозии идеяҳои тиҷоратии худ кумак расонем. Барои маълумоти бештар ба шуъбаи иқтисод муроҷиат кунед.