Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» сиёсати кушода ва муосири муҳоҷиратиро амалӣ намуда, ба ҷалби сармоягузорон, соҳибкорон ва мутахассисони хориҷӣ аҳамияти махсус медиҳад. Ҳадафи асосии сиёсати муҳоҷират фароҳам овардани муҳити мусоид, шаффоф ва қулай барои фаъолияти иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ дар ҳудуди минтақа мебошад.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои танзими масъалаҳои марбут ба воридшавӣ, будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар ин замина барои сармоягузорон ва мутахассисони хориҷӣ тартиби мусоиди расмиёти муҳоҷиратӣ ҷорӣ гардидааст.
Дар доираи сиёсати муҳоҷират ба иштирокчиён ва шарикони хориҷӣ хизматрасониҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- мусоидат дар гирифтани раводид (виза), иҷозати кор ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ;
- дастгирӣ дар масъалаҳои бақайдгирӣ ва расмиёти муҳоҷиратӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди маълумоти ҳуқуқӣ ва машваратҳо вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкорӣ;
- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ;
- ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ дар самти муҳоҷират ва шуғли шаҳрвандони хориҷӣ;
- таъмини шаффофият ва соддагардонии расмиёти маъмурӣ барои ширкатҳо ва сармоягузорон.
Сиёсати муҳоҷиратии МОИ «Панҷ» ба рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва ҷалби технологияҳои муосир равона гардидааст. Маъмурияти минтақа барои таъмин намудани муҳити устувори сармоягузорӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам меорад.
Ҳамаи расмиёти вобаста ба муҳоҷират ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда амалӣ карда мешаванд.
Маъмурияти МОИ «Панҷ» ҳамеша омода аст, ки ба сармоягузорон, намояндагони ширкатҳои хориҷӣ ва мутахассисон дар масъалаҳои муҳоҷиратӣ ва фаъолияти иқтисодӣ дастгирии ҳамаҷониба расонад. Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ва машварат метавонед ба Маъмурияти МОИ «Панҷ» муроҷиат намоед.
Дар зер намунаҳои ҳуҷҷатҳои асосӣ, ки барои ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва ташкили фаъолияти меҳнатии онҳо дар ҳудуди МОИ «Панҷ» заруранд, пешниҳод гардидаанд: иҷозатнома барои кор ва иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ.