Роҳбарият

Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз моҳи ноябри соли 2025 дар мансаби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 11 ноябри соли 1988        

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                         

Таҳсилот: Олӣ

  • Соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорк, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (шакли таҳсили рӯзона)-ро хатм намудааст.
  • Соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шакли таҳсили рӯзона)-ро бо дипломи магистр хатм намудааст.

Ихтисос: Иқтисоди ҷаҳонӣ

Унвони илмӣ: Магистр (дар айни замон дар марҳилаи ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии савдо» қарор дорад).

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ, Туркӣ ва Англисӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҳа,

  • Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва рушди соҳаҳои иқтисод ва савдо дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
  • Соли 2024 бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои саҳми назаррас дар таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз номи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, сарфароз гардонида шудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: ҳа, Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21, даъватҳои шашум ва ҳафтум.

Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 2012–2013 — мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2013–2015 — мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2015–2018 — мутахассиси асосии Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Соли 2017 — тибқи иҷозати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8), дар доираи барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар назди Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева иштирок намудааст.

Солҳои 2016–2018 — ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбайъ (0,25 воҳиди корӣ) аз фанни «Иқтисоди ҷаҳонӣ» дар кафедраи муносибатҳои байналмилалии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2018–2020 — сардори Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 — котиби масъули Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо таъин гардидааст.

Солҳои 2020–2023 — Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2023–2025 — Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 14 ноябри соли 2025 то имрӯз — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Каримзода Бузургмеҳр Карим

Роҳбари маъмурият

Аз моҳи майи соли 2024 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мансаби Роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” кор мекунад.

Соли таваллуд: 25 августи соли 1993        

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                         

Таҳсилот: Олӣ

Соли 2016 – Донишгоҳи Миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Соли 2023 – Донишгоҳи давлатии молия ва қарзро (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: Шарқшинос, Иқтисодчӣ

Унвони илмӣ: Надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ, Англисӣ

Вазъи оилавӣ: Оиладор

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 2014-2016 – Мутахассиси бахши иттилооти ва таҳлилии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Солҳои 2016-2018 – Мутахассиси пешбаранда оид ба иттилооти бахши иттилооти ва таҳлилии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Солҳои 2018-2020 – Сармутахассиси шуъбаи иттилоот таҳлил ва технологияи нави Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Соли 2020–2024 Мудири шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Соли 06.05.2024 – то инҷониб – Роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

Тайфурзода Сафаралӣ Абдураҳим

Муовини якум

аз моҳи июли соли 2023 дар мансаби Муовини якуми роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” кор мекунад.

Соли таваллуд: 25 июли соли 1961               

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                            

Таҳсилот: Олӣ

Соли 1986 – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Соли 2004 – Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистон (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: Муаррих, Иқтисодчӣ

Унвони илмӣ: Надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ

Вазъи оилавӣ: Оиладор

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

03.1976–12.1980 — колхозчии колхози «Дружба», н. Москва
12.1980–07.1986 — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
09.1986–08.1987 — омӯзгори ДДТТ ба номи А. Сино
09.1987–12.1988 — котиби кумитаи комсомолии фабрикаи дӯзандагии ба номи «50-солагии СССР», н. Москва
12.1988–09.1989 — котиби Кумитаи комсомолии ноҳияи Москваи ЛКСМ Тоҷикистон
09.1989–11.1991 — котиби якуми Кумитаи комсомолии ноҳияи Москваи ЛКСМ Тоҷикистон
11.1991–07.1993 — директори к/х «Нилуфар»
07.1993–08.1993 — директори корхонаи коркарди намаки ошӣ, н. Москва
08.1993–01.1994 — ҷонишини сармуҳосиби Иттиҳодияи «Сельхозтехника», н. Москва
01.1994–03.1995 — иқтисодчии Иттиҳодияи «Сельхозтехника», н. Москва
03.1995–08.1996 — сардори шуъбаи банақшагирии Иттиҳодияи «Сельхозтехника», н. Москва
08.1996–11.1996 — нозири Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе
11.1996–08.1997 — мудири анбори Корхонаи нони «Пищевик», ш. Душанбе
08.1997–07.1999 — сардори сехи Корхонаи нони «Пищевик», ш. Душанбе
05.2001–02.2012 — КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон»: технолог, сарнозир-дастурдеҳ, сардори шуъбаи ташкили мусофирбарӣ, ҷонишини сардори Хадамоти мусофирбарӣ
03.2012–06.2022 — Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»: сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, муовини роҳбар, муовини якуми роҳбари Маъмурияти МОИ «Данғара»
06.2022–07.2023 — муовини роҳбари МОИ «Кӯлоб», мушовири роҳбари МОИ «Данғара»
07.2023 – то имрӯз — муовини якуми роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Хомушов Икром Базариевич

Муовин

аз моҳи декабри соли 2019 дар мансаби Муовини роҳбари Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” кор мекунад.

Соли таваллуд: 15 марти соли 1976                      

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                           

Таҳсилот: Олӣ

Соли 1999 – Донишкадаи давлатии коперативии тиҷоратии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: Муҳандис-технолог

Унвони илмӣ: Надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ

Вазъи оилавӣ: Оиладор

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

08.1993 – 09.1995 — колхозчӣ дар к/з «Ҳасанов», н. Қумсангир (ҳоло н. Ҷайҳун)
09.1995 – 07.1999 — донишҷӯи ДДКТТ
08.1999 – 02.2003 — муҳандиси барқ дар к/з «Ҳасанов», н. Қумсангир
02.2003 – 09.2008 — нозири шуъбаи фурӯши барқ, н. Қумсангир (ҳоло н. Ҷайҳун)
09.2008 – 07.2009 — муҳандиси барқ дар к/з «Ҳасанов», н. Қумсангир
07.2009 – 07.2011 — танзимгари барқ дар Шабакаҳои барқи ноҳияи Қумсангир
01.2013 – 07.2015 — устои барқи Шабакаҳои барқи н. Қумсангир (ҳоло н. Ҷайҳун)
07.2015 – 02.2016 — устои калони Шабакаҳои барқи н. Қумсангир
02.2016 – 11.2018 — устои барқи Шабакаҳои барқи н. Қумсангир (ҳоло н. Ҷайҳун)
11.2018 – 02.2019 — сармутахассис оид ба барқ, техникаи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
02.2019 – 12.2019 — сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, ҷалби сармоя ва кор бо субъектҳо, Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
12.2019 – то имрӯз — муовини роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Зарипов Саъдӣ Алихонович

Роҳбари дастгоҳи маъмурият

аз моҳи январи соли 2025 дар мансаби Роҳбари дастгоҳи Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” кор мекунад.

Соли таваллуд: 26 июни соли 1985           

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                           

Таҳсилот: Олӣ

Соли 2008 – Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Соли 2023 – Донишгоҳи давлатии молия ва қарзро (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: Муҳандис-техник, Иқтисодчӣ

Унвони илмӣ: Надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ

Вазъи оилавӣ: Оиладор

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 20082010 – Нозири Ташкилоти ҷамъияти Маркази тахлилӣ омузиши  «Нашри анвор»

Солҳои 2010-2012 – Мудири шуъбаи таъбу нашри Ташкилоти ҷамъияти Маркази тахлилӣ омузиши «Нашри анвор»

Солҳои 2012-2013 – Мутахасиси пешбари шӯъбаи иттилоотӣ, таҳлилӣ ва технологияи нави Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Солҳои 2013-2015 – Сармутахассиси шуъбаи иттилоотӣ, таҳлилӣ ва технологияи нави Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Солҳои 2015-2016 – Менеҷери шӯъбаи иттилоотӣ, таҳлилӣ ва технологияи нави Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Солҳои 2016-2018 – Мудири Бахши иттилоотӣ, таҳлилӣ ва технологияи нави Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Солҳои 2018-2022 – Мудири Шӯъбаи иттилоотӣ, таҳлилӣ ва технологияи нави Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

Солҳои 2022-2025 – Роҳбари дастгоҳи Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара”

Аз соли 2025 то инҷониб – Роҳбари дастгоҳи Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” .

Зоиров Назрихон Тиллоевич

Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ

аз моҳи январи соли 2025 дар вазифаи Сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Муассисаи давлатии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” кор мекунад.

Соли таваллуд: 5 июни соли 1958              

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                          

Таҳсилот: Олӣ

Соли 1980 – Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Соли 2004 – Донишгоҳи милли Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: Инженер – гидротехник, Ҳуқуқшинос.

Унвони илмӣ: Надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ, Форсӣ.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҳа,

  • соли 1997 – “Ифтихорнома”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • соли 2013 – Ордени “Спитамен” ва 15 медали собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия,
  • Иштирокчии ҳифзи сохти конститутсонии Тоҷикистон

Вазъи оилавӣ: Оиладор

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 1980-1983 – мастери (устои қитъа) Раёсати корҳои механиконидашудаи НБО “Роғун”;

Солҳои 1983-1984 – Котиби Кумитаи комсомоли КМ ЛКСМ РСС Тоҷикистон;

Солҳои 1984-2021 – Корманди мақомотҳои бехатарӣ ва амнияти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, рутбаи ҳарбӣ-полковник;

Солҳои 2005-2008 – Муовини сардори КВД “Роҳи Оҳани Тоҷикистон”;

Солҳои 2013-2014 – Муовини Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон;

Солҳои 2014-2021 – идомаи хизмати ҳарбӣ дар мақомоти амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Солҳои 2021-2024 – Ҳуқуқшиноси ширкати сохтмонӣ дар ш. Душанбе;

Солҳои 2024-2025 – сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

Соли 2025 – то инҷониб – сардори шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”