Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» барои сармоягузорон яке аз мусоидтарин ва рақобатпазиртарин низомҳои андозбандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд. Дар ҳудуди минтақа низоми махсуси андозбандӣ амал намуда, субъектҳо аз пардохти ҳамаи намудҳои андозҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра озод мебошанд, ба истиснои андози иҷтимоӣ ва андоз аз даромади шахсони воқеӣ.
Субъектҳои МОИ «Панҷ» танҳо вазифаҳои агентҳои андозиро иҷро намуда, андози иҷтимоиро дар ҳаҷми 20 фоиз аз фонди музди меҳнат ва андоз аз даромади шахсони воқеиро дар ҳаҷми 12 фоиз нисбат ба кормандон нигоҳ дошта, ба буҷети давлатӣ пардохт менамоянд.
Низоми имтиёзноки андозбандӣ имконият медиҳад, ки сарбории андозӣ ба ҳадди ақал расонида шуда, хароҷоти амалиётӣ коҳиш ёбад ва сатҳи даромаднокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баланд бардошта шавад. Ин афзалиятҳо барои татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолӣ, содиротӣ ва инфрасохторӣ муҳити устувор ва пешгӯишавандаи сармоягузориро фароҳам меоранд.
МОИ «Панҷ» ҳамчун платформаи стратегӣ барои рушди тиҷорат ва ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, бо таъмини самаранокии баланди андозӣ ва кафолати устувории ҳуқуқӣ, барои сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ имкониятҳои васеи рушди устуворро пешниҳод менамояд.