Ҳуқуқ ва кафолатҳои МОИ

Ҳуқуқи субъектҳои МОИ “Панҷ”

  1. Субъектҳои МОИ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон ҳуқуқ доранд;
  2. бо иштироки сармоягузорони ватанию хориҷӣ ташкилотҳои муштарак таъсис диҳанд.
  3. дар асоси шартномаҳо бо фаъолияти хоҷагидорӣ машғул шаванд, озодона шарик ва мавзӯи шартномаро интихоб намоянд, ӯҳдадориҳо инчунин ҳама гуна шартҳои дигари муносибатҳои байниҳамдигарии хоҷагидориро муайяан намоянд;
  4. мустақилона ба фаъолияти иқтисодии хориҷӣ пардозанд, амалиёти мубодилаи мол (бартер) ва миёнаравӣ, инчунин азнавсармоягузориҳоро анҷом диҳанд, ба шарте, ки хусусияти ин амалиётҳо хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошанд;
  5. аз бонкҳо, ширкатҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ бе маҳдудият қарз гиранд, барои бастани ҳама гуна шартномаҳои суғуртавӣ ширкатҳои суғуртавии хориҷиро ҷалб намояд;
  6. дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳама гуна сармоягузориҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшударо татбиқ намоянд;
  7. истифодаи заминро дар асоси шартномаи иҷрои дарозмӯҳлат, иҷораи такрори замин, молу мулк, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ҳуқуқи гузашти истифодабариро ба ворисони ҳуқуқии онҳо аз рӯи мувофиқаи дуҷонибаи тарафҳо, ки шартномаи иҷораро имзо кардаанд, инчунин дигар ҳуқуқҳои молумулкӣ ва ғайримолумулкиро амалӣ намояд;
  8. шаҳрвандони хориҷӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар асоси шартнома киро намоянд;
  9. ҳар гуна фаъолияти дигареро, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидааст, анҷом диҳанд.
  10. Субъекти МОИ ҳуқуқ дорад, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ берун аз ҳудуди МОИ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қоидаи умумӣ, ки аз тарафи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, машғул шавад.