- 06.08.2024
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Комментариев нет
1 августи соли ҷорӣ Роҳбари минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ” Каримзода Бузургмеҳр бо ду гурӯҳ соҳибкорон ва сармоягузорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳудуди минтақа вохурӣ ба анҷом расониданд.
Дар рафти вохуриҳо Роҳбари минтақа меҳмононро бо шароити кор дар минтақаи озоди иқтисодӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолият дар минтақа, қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ, имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои субъектҳои минтақа шинос намуд.
Тасмим гирифта шуд, ки барои фаъолият намудан дар минтақа чунин вохуриву гуфтушунидҳоро идома додан лозим аст. Меҳмонон аз Роҳбарияти минтақа барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ин вохурӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.