- 10.11.2023
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Дар санаҳои 20.09.2023 с – 09.11.2023 сол, аз тарафи роҳбарияти Маъмурияти минтақа тариқи алоқаи мобилӣ бо соҳибкорон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон – Анварӣ Наҷибуллоҳ, Анварӣ Руҳулло ва Фазлӣ Маҳмуд, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Исломии Покистон фаъолияти соҳибкорӣ менамоянд, муддати тӯлонӣ гуфтушунид оид ба фаъолияти ҳамкорӣ гуфтугӯ баргузор шуд.
Дар натиҷаи гуфтушуниди онлайнӣ ба соҳибкорон аз имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва вазъи кунунии минтақа маълумоти муфассал дода шуд, ва ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
Соҳибкорон тасмим гирифтаанд, ки дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” корхонаи истеҳсоли рангҳо (краска), ки маҳсулоти воридивазкунанда мебошад, бунёд намоянд ва барои беш аз 50 нафар ҷои кори доимӣ ташкил кунанд.
Дар натиҷаи ин гуфтушунидҳо бо сармоягузорон Ёддошти ҳусни Тафоҳум оид ба ҳамкори ба имзо расонида шуд, ва алакай аз тарафи Маъмурияти МОИ барои даъвати сармоягузорон ба Раёсати Консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдо мактуби даъвати равона карда шудааст.