- 10.11.2023
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Дар санаи 08.11.2023 сол, дар МД “Китобхонаи Миллии Тоҷикистон” роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Эрон, иштирок намуданд, ки аз ҷониби Эрон намояндагони 50 корхонаҳои саноатӣ ва ширкатҳои тиҷоратӣ, энергетикӣ, сармоягузорӣ, молявӣ, сохтмонӣ, логистикӣ ва донишгоҳҳо иштирок намуданд.
Мақсади иштироки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” дар ин Анҷумани соҳибкорӣ ин ҷалб намудани соҳибкорон ва сармоягузорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ба МОИ “Панҷ” мебошад. Дар ин Анҷумани соҳибкорӣ намояндагони Маъмурият дар вохурии В2В бо якчанд сармоягузорони Эрони вохурӣ намуда аз кору фаъолияти МОИ “Панҷ” ахбороти муфассал доданд.
Дар натиҷаи шиносои ва вохуриҳо яке аз ширкати истеҳсоли трактор ва эскалаторҳои Эронӣ, доктор Никҳод ҳавасманди зоҳир намуда хоҳони дар минтақа ба роҳ мондани корхонаи муштаракро пешниҳод намуд, ки аз тарафи намояндагони Маъмурият пазируфта шуд.
Соҳибкори Эронӣ изҳор намуд, ки аз МОИ “Панҷ” дидан намояд, ва оиди ба роҳ мондани корхонаи худ пешниҳодҳо намояд.