- 18.10.2023
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Дар санаи 18.10.2023 сол дар Маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо роҳбарии муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой маҷлиси ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҶТ дар нҳҳмоҳаи соли 2023 ва ҷамбасти рушди иқтисодию иҷтимоии ВРИС дар нӯҳмоҳаи соли 2023 баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” иштирок намуданд.
Дар Маҷлиси ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ҶТ нӯҳмоҳаи соли 2023 муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод баромад намуда ахбороти муфассал доданд.
Баътар оид ба фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ роҳбарони Минтақаҳои озоди иқтисодии Суғд, Данғара, Панҷ, Кӯлоб ва Ишқошим суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти минтақаҳо дар нӯҳмоҳаи соли 2023 ахборот доданд. Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода А. оид ба ҷоннок намудани тарғибот дар самти ҷалби сармоя ба минтақаҳо супоришҳо доданд.
Муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдо Солеҳзода Ашурбой ба роҳбари МОИ “Панҷ” Мумин Илҳом Камол супориш доданд, ки истеҳсолотро пурзӯр намуда, дар маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи субъектҳои МОИ тамғаи Бренди миллиро ҷойгузорӣ намоянд, ва то охири сол на кам аз 5 субъекти нав ба қайд гиранд.
Ва инчунин, ба роҳбари МОИ “Панҷ” оид ба ворид намудан дар Агентии омори ноҳия ҳисоботҳои хизматрасониҳо, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва ҷалб намудани субъектҳои истеҳсолӣ барои гирифтани қарзҳои тиҷоратӣ аз Эскимбонки Ҷумҳурии Венгрия, ки аз фоизҳо озод мебошад, ба роҳ мондани ҳамкориҳо ва ҷалб намудани субъектҳои истеҳсолӣ барои гирифтани қарзҳои тиҷоратӣ аз бонки Икеяи Ҷумҳурии Корея, ки бо фоизҳои хело паст дода мешаванд, ҷоннок намудани ҳамкориҳо бо Шуъбаи муносибатҳои байналхалқии ВРИС, пешниҳод намудани лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба намояндагиҳои тиҷоратии ВРИС, ки дар хориҷа кору фаъолият доранд, барои ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорон аз хориҷа, дуруст ба роҳ мондан оид ба ҷамъоварии маблағҳои қарздории субъектҳои МОИ ва дуруст ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маблағи соҳтмони Обанбори МОИ бо ғунҷоиши 5000 м3 дастуру супоришҳо дода шуд.