- 22.06.2023
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР

Дар санаи 22.06.2023 сол, яке аз соҳибкорони ватанӣ Бобо Назиров ба Маъмурияти МОИ “Панҷ” ташриф оварданд. Мақсади ташриф овардани сармоягузор ин шинос шудан бороҳбарони субъектҳое, ки дар МОИ “Панҷ” кору фаъолият доранд, ва инчунин бунёд намудани сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна меваю сабзавот дар МОИ “Панҷ” мебошад.
Дар рафти вохури сохибкорони ватанӣ Бобо Назиров бо муовини роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” Хомушов Икром аз кору фаъолияти субъектҳои МОИ дидан намуда ва оиди имкониятҳои сармоягузорӣ ва имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “дар бораи минтақаи озоди иқтисодӣ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва вазъи кунунии минтақа маълумоти муфасал ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифт.
Ҳамзамон, сохибкорони ватанӣ Бобо Назиров изҳор намуданд, ки дар рӯзҳои наздик бо таҳия намудани нақшаи тиҷоратӣ оиди ташкил намудани сардхона бо ғунҷоиши 500 тонна меваю сабзавот ва дигар намуди фаъолияти хизматрасонию тиҷорати ба Маъмурияти МОИ муроҷиат менамояд.