- 19.06.2023
- Опубликовано: fezpanj
- Категория: АХБОР
Дар санаи 10.04.2023 сол дар меҳмонхонаи “Руми” шахри Душанбе роҳбарияти Маъмурияти МОИ дар вохуриҳои дуҷонибаи соҳибкорону ширкатҳои Кишвари Олтойи ФР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда бо як чанд роҳбарон ва намояндагони ширкатҳо гуфтушнид анҷом донанд. Дар ин вохури бо намояндаи ширкати “Две линии”, ки самти фаъолияташ истеҳсоли маводҳои косметикии табии мебошад, бо Субъекти МОИ ҶДММ “Мушки Сино”, ки самти фаъолияташон мувофикат мекунад, оиди ҳамкори намудан дар ин самт вохурии дуҷониба доир гардид. Дар ин вохури ҷонибҳо оиди дасрас намудани технологияҳои ҳозиразамон ва ивази таҷрибаҳо ба мувофика омада изҳори дар оянда ҳамкори карданро намуданд. Вохурии дигар бо сохибкори инфироди “ИП Анкушев”, ки самти фаъолияташ тиҷорати маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулотхои аз ин намуди маҳсулот коркардшуда, аз чумла: гандум, орд , равғани истеъмоли, донагиҳои лубиёги ва донагиҳои равғандор ва ғайра мебошад вохури гузаронида шуд. Аз тарафи намояндагони Маъмурияти МОИ пешниходи ташкил намудани корхонаи комплексии коркарди ин намуди маҳсулотҳо ва фуруши он дар дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод карда шуд. Анкушев ба ин масъала дикати махсус дода пешниҳод намуд, ки дар ҳолати дарёфти шарикони дохилии ё хориҷӣ, ки фуруши пурраи маҳсулоти таёршударо ба уҳда мегирад таёр аст ҳамкори намояд.