Вохурии намояндаи МОИ “Панҷ” бо директори генералии LLC “YANGLING MODERN AGRICULTURE INTERNATIONAL COOPERATION” оид ба коркарди маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ дар вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин

Дар санаи 21 марти соли 2023 дар вилояти Шенсии Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндаи МОИ “Панҷ” бо директори генералии Ширкати “Янлин ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ” вохури ба анҷом дода шуд. Дар рафти вохури аз тарафи намояндаи Маъмурият оиди МОИ “Панҷ” ролики Муаррифӣ (Презентатсия) намоиш дода шуд, оиди Қонун “Дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ”, имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ахборот дода шуд ва инчунин ба саволҳои додаи худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Бо директори генералии Ширкати “Янлин ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ”, оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба барои коркарди маҳсулотҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии қишлоқ  ва омузонидани мутахассисон гуфтушунидҳо гузаронида шуд.

Дар натиҷа аз тарафи роҳбари Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва директори генералии Ширкати “Янлин ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ”, оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, омӯзиш ва мубодилаи коргарон, ёри дар хизматрасонии техникӣ, саноат ва хоҷагии қишлоқ ва ҳамкории фарҳангӣ ва сайёҳӣ Ёддошти Тафоҳум ба имзо расонида шуд. 

Дар охири вохури аз тарафи роҳбари Маъмурияти МОИ директори генералии Ширкати “Янлин ҳамкории байналхалқии хоҷагии қишлоқ” ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дидан намудан аз МОИ “Панҷ” ва шинос шудан аз вазъи кунунии минтақа даъват карда шуд.