Иштироки Роҳбарияти Маъмурият ва роҳбарони субъектҳои МОИ “Панҷ” дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон

Санаи 04.04.2023 сол дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи Милли Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор гардид, ки роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва роҳбарони якчанд субъектҳои МОИ дар он иштирок намуданд.  

Ҳадафи ташкил намудани ин ҷорабини ин тақвият додани ҳамкориҳои дуҷониба, дар самтҳои гуногуни иқтисод, саноат, тиҷорат ва сармоягузори намудан дар ин бахшҳо мебошад.

Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” ва роҳбарони якчанд субъектҳои МОИ аз фурсати мувофиқ истифода бурда бо якчанд сармоягузорон, аз ҷумла: бо роҳбарони ширкатҳои логистики, текстил,  истеҳсолоти электротехника, истехсоли ресмонхои полипропиленй, истеҳсоли скотч лента, истеҳсоли маводҳои кондитери, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти пластикӣ  ва дигар ширкатҳои тиҷорати гуфтушунидҳо ба анҷом расонида шуд.

Дар  рафти гуфтушунидҳо сармоягузорони Ҷумҳурии Озарбойҷон, оиди саволҳои додаашон  ҷавобҳои мушаххас гирифта, бо буклетҳо таъмин карда шуданад. Ба сармоягузорон оиди фаъолият дар ҳудуди МОИ «Панҷ»,  Қонуни ЧТ “дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва оиди имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ дар МОИ “Панҷ” маълумоти пурра  дода шуд.

Роҳбарияти Маъмурияти МОИ “Панҷ” сармоягузорони Озорбойҷониро барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба, корхонаҳои саноатӣ ва тиҷоратӣ даъват намуданд. Инчунин, молу маҳсулоти истеҳсолнамудаашонро тавассути ҳамсоякишвар Ҷумҳурии Афғонистон интиқол додан ба бозорҳои ҷумҳуриҳои Покистон, Эрон, Ҳиндустон пешниҳод карда шуд.

Ҳамзамон, аз тарафи роҳбарони субъектҳои МОИ – ҶСК “Милал Интер Ҷоинт” Садиров Маҳманаби бо директори Ҷамъияти иқтисодии логистики ва тиҷорати “Бир Қувват”- Атаев Азат Қурбанназарович ҳамсуҳбат шуда оиди ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷониба гуфтушунид ба анҷом дода шуд. Дар натиҷа роҳбарони ҳар ду ҷониб ба хулоса омаданд, ки ҳамкориро дар соҳаи хизматрасонии логистики ба роҳ монанд.  

Инчунин, роҳбари ҶДММ “ТТ Пластик” Хуш Муҳамад Лоло бо роҳбари Ширкати истеҳсол ва коркарди маҳсулотҳои пластикӣ “Шанли Мекан” – Султонов Акмурат Хансахатович ҳамсуҳбат шуданд. Дар натиҷа ба хулоса омада шуд, ки аз тарафи Ширкати истехсол ва коркарди маҳсулотҳои пластикӣ бо маводҳо гранула ҶДММ “ТТ Пластик”-ро таъмин карда мешавад.