Гуфтушуниди роҳбарияти МОИ “Панҷ” бо алоқаи телефони ва видеои бо якчанд сармоягузорони Ҷумҳурии Афғонистон, аз ҷумла: Ширкати тиҷоратии “Хайрхоҳ Тамаддун” бо роҳбарии Назари Шоҳ Маҳмуд

Дар  санаҳои  29.03.2023 сол, тарики  алоқаи телефони ва интернети  бо якчанд сармоягузорони Ҷумҳурии Афғонистон, аз ҷумла: Ширкати тиҷоратии “Хайрхоҳ Тамаддун”, ки роҳбараш Назари Шоҳ Маҳмуд  гуфтушунидҳо гузаронида шуд. Дар  рафти гуфтушунидҳо сармоягузорони Ҷумҳурии Афғонистон, оиди саволҳои додаашон  ҷавобҳои мушаххас гирифта, тариқи  намоиши видеои аз минтақа  шиносои пайдо намуданд, ва инчунин оиди фаъолият дар ҳудуди МОИ «Панҷ»,  Қонуни ҶТ “дар бораи МОИ”, Низомномаи МОИ “Панҷ” ва оиди имтиёзҳои гумрукӣ ва андозӣ дар МОИ “Панҷ” маълумоти пурра  дода шуд.

Сармоягузорони Ҷумҳурии Афғонистон изҳор намуданд, ки дар МОИ “Панҷ” оиди  ташкил намудани корхонаи истеҳсоли макарон, корхонаи истеҳсоли зарфҳо ва қуттиҳои куррашакли (бочкаҳо) ҳаҷмашон гуногун ва корхонаи коркарди пуст ва истеҳсоли чармро  ба роҳ хоҳанд монд.

Бо роҳбари Ширкати тиҷоратии “Хайрхоҳ Тамаддун” Назари Шоҳ Маҳмуд  Ёддошти Тафоҳум оиди сохта ба истифода додани корхонаҳои саноати дар МОИ “Панҷ” баста шуд.

Дар охири   суҳбат  изҳор намуданд, ки  агар даъваташон қабул гардад,  омада  аз минтақа дидан намуда,  оиди ба роҳ мондани корхонаҳои истеҳсоли тамоми малакаи худро равона мекунанд.